Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори телевизионии созмони экологии Хуҷанд ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд



Маъсуми Муҳаммадраҷаб



Навори "Гурӯҳи ташшабускори ҷавонон" дар бораи вазъи ногувори Хуҷанд, ғолиби озмуни экологӣ дар шаҳри Алмаато гашт. Ба гуфтаи Дима сарвари гурӯҳ ин навор на ба хотири пешбарӣ ба озмуни осиёимиёнагӣ таҳия шуда буд. Як соли қабл ин сюжети телевизионӣ таввасути телевизиони СМ-1 нахустин бор намоиш дода шуд, вале баъдан ҳукумати вилояти Суғд намоиши онро манъ кард. Дима мегӯяд: "Мақсад аз таҳияи навор нишон додани ифлосии шаҳр ва гуфтани он набуд, ки дар Хуҷанд партовҳо зиёд шуда, беназорат мондаанд ва ҳукумат дар ин самт бефаъолият аст. Ҳадаф он буд, ки аҳолиро ба беҳдошти ҳифзи муҳити зист даъват намоем." Ҷавонони ин гурӯҳ мегӯянд, бо вуҷуди эҷоди мушкилӣ дар корашон, онҳо фаъолиятро қатъ накарданд. Узви дигари гурӯҳ Парвина мегӯяд, баъди намоиши навор дар телевизион шоҳиди он шуданд, ки дар бисёр мавзеъҳои ба наворгирифта, мардум ба тартиб овардани партовгоҳҳоро шурӯъ карданд. Парвина меафзояд, бо назардошти ҳамин сюжетҳои дигар, бо нигоҳи нав таҳия мешаванд: "Минбаъд дар наворҳое, ки сабт мешаванд, мо мехоҳем на фақат мушкилоти афзоиши партовгоҳҳоро нишон диҳем, балки нишон диҳем, ки чӣ гуна метавон партовгоҳҳои шаҳрро тоза кард. Ва инъикос кунем, ки партову ифлосии зиёди атроф аз рафтори ноҷои худи инсон ба вуҷуд меоянд". Гурӯҳи ташшабускори ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд иборат аз нӯҳ нафар буда, соли дуввум аст бо ҳимояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар маркази вилояти Суғд фаъолият мекунад.



XS
SM
MD
LG