Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наворбардории филми "Гуччӣ" анҷом ёфт



Хиромон Бақозода

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо муаллиф ва коргардони филм, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, Бахтиёр Худойназаров.

РАДИОИ ОЗОДӢ: ОЁ НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМ БА ПОЁН РАСИД?

Бахтиёр Худойназаров: "Мо наворбардории филмро пурра анҷом додем. Феълан нусхаҳои он омода мешаванд. Дар шакли аввала номи филм "Шик" аст. Мо онро дар лаби Баҳри Сиёҳ ба навор гирифтем. Он дар бораи се рафиқ, дар бораи наврасӣ, айёми наврасии худам ва дустонам нақл мекунад. Дустоне, ки ман онҳоро кайҳо аз даст додаам".

РАДИОИ ОЗОДӢ: НАМОИШИ АВВАЛИ ФИЛМ КАЙ БАРГУЗОР МЕШАВАД?

Бахтиёр Худойназаров: "То ҷое ман медонам, дар Маскав он дар охирҳои моҳи январ намоиш дода мешавад, дар Порис охирҳои феврал. Дар Порис он зери номи "Ля костюм" мебарояд, яъне қарор шудааст, дар ҳар кишвар он бо номи алоҳида муаррифӣ шавад

РАДИОИ ОЗОДӢ: ТАМОШОБИНИ ТОҶИКИСТОН ОНРО КАЙ ДИДА МЕТАВОНАД?

Бахтиёр Худойназаров: "Тоҷикистониёни муқими Фаронса ва ё Олмон, масалан, ва ё сокини Маскав филмро зудтар дида метавонанд. Ба Тоҷикистон, фикр мекунам, он дар шакли фиттаҳои видеойӣ ворид мешавад. Ман медонам, ки барои намоиши ин филм ҳануз дархосте аз Тоҷикистон нарасидааст. Масалан аз ягон ширкати миёнҷӣ ва ё телевизиони давлатӣ, ки дар он ҷо фаъолият мекунанд.

РАДИОИ ОЗОДӢ: БАХТИЁР, ОЁ ИМКОН ДОРАД, КИ ШУМО ИНТИЗОРИ ДАРХОСТИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН НАШУДА, ОНРО ДАР ВАТАН БА ТАВРИ ИСТИСНОЙӢ НАМОИШ ДИҲЕД. ВА Ё ШУМО ЧУНИН ҲАҚРО НАДОРЕД?

Бахтиёр Худойназаров: "Албатта ҳақ дорам. Вале Тоҷикистон ҳам як кишвари комилҳуқуқи дунявӣ аст, ҳамин хел не. Ман албатта, метавонам намоишномаро дар як толоре дар ҳузури дустони наздикам ба намоиш гузорам. Гап дар ин ки дар таҳияи ин филм чанд ҷониб ширкат кардааст, масалан маблағгузорон, кишварҳое, ки дар ин кор саҳм доранд ва ба ин филм ҳаққи муаллифӣ доранд. Вале ман ҳамеша омодаам, ба телевизион як фиттаи сифатан хуби касбии филмро пешкаш кунам, тарзе ки бо филми "Падари маҳтобӣ" карда будем.

РАДИОИ ОЗОДӢ: ОЁ ШУМО ФИЛМИ "ГУЧЧӢ" ВА Ё "ШИК"-РО БА ЯГОН ОЗМУНИ БАЙНУЛМИЛАЛИИ КИНО ПЕШБАРӢ КАРДАН МЕХОҲЕД?

Бахтиёр Худойназаров: "Дар масъалаи фестивали кинойи Берлин баъзе суханҳо мерафт. Вале ҳануз мо тасмими худро нагирифтем. Феълан фикри мову продюсерҳо якранг нест. Бархе мегуянд, ба озмун пешбарӣ кунем, он ҳатман таҳти танқид қарор мегирад. Аз тарафи дигар, продюсери олмонӣ бар ин аст, ки барои обруи филм, ширкат дар озмун, кори чандон хуб нест. Агар он ба таври маъмулӣ ба қазовати тамошобин вогузор шавад, ин барои филм беҳтар аст.

РАДИОИ ОЗОДӢ: ВА ДАР АНҶОМИ СУҲБАТ, БАХТИЁР, ЯК САВОЛИ ОДДӢ. БАРНОМАҲОИ ОЯНДАИ ШУМО?

Бахтиёр Худойназаров: "Нақшаҳо. Феълан мо барои наворбардории филми нави дигар омодагӣ мегирем, ки дар навбати аввал зери номи "Моҳии зинда" ба навор гирифта мешавад. Ин қисмати дуюми сегонаи мо аст, ки бахши аввалашро тамошобин дар филми "Падари маҳтобӣ" дида буд. Ин ҳам як шаҳраки Фархор мешавад, ки дар он як қиссаи хандаоваре нақл карда мешавад. Он ҳатман, як шаҳраки тахайюлии осиёӣ мешавад. Мо ҳануз намедонем, ки он дар соҳили Баҳри Сиёҳ ва ё Иссиқкул наворбардорӣ мешавад.

РАДИОИ ОЗОДӢ: ШУМО БАҲРРО ДУСТ МЕДОШТАЕД?

Бахтиёр Худойназаров: "Бале, вақте ман дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардам, ҳамеша орзу доштам, ки дар он ҷо як баҳр бошад. Вале ин орзуи ман танҳо дар филмҳоям амалӣ гашт. Ва дар филми нав ҳам як шаҳраки осиёии тоҷикӣ бо як баҳри бузург хоҳад буд."

РАДИОИ ОЗОДӢ: ТАШАККУР, БАХТИЁР. БАРОЯТОН МУВАФФАҚИЯТ МЕХОҲЕМ.



XS
SM
MD
LG