Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар мавриди ришвату фасод дар кишварҳои Осиёи марказӣ



Салими Аюбзод

Ин созмон мегӯяд фасоду ришва ҳамчун монеаи аслӣ дар роҳи рушди иқтисоди панҷ кишвари Осиёи марказӣ боқӣ мондааст.

Ришвату фасод ҳамоно ба пешрафти иқтисодии панҷ ҷумҳурии шӯравии собиқ, ҳоло давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ, монеъа эҷод мекунад, аммо баъзе беҳбудиҳо дар ин минтақа ба миён омадаанд. Чунин хулоса кардааст, як соли гузаштаро дар гузориши худ Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд. Ин гузориш, ки рӯзи якшанбе нашр шуд, мегӯяд, азбаски фаъолиятҳои иқтисодии ҳукуматҳо дар ин минтақа ғолибан бидуни ошкорбаёнӣ ҷараён мегиранд ва дар бораи ин фаъолиятҳо маълумоти кофию дақиқ ба нашр намерасад, фасоду ришват, истифодаи сармояҳои будҷавӣ бо аҳдофи хусусӣ ва ё гурӯҳӣ, ихтилофи манфиатҳо пешрафти иқтисодии ин давлатҳоро бо мушкил рӯбарӯ мекунад. Бо вуҷуди ин ки баъди воқеаҳои 11-уми сентябр ин кишварҳо дар маркази таваҷҷӯҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд, шаройити нав низ ба дараҷаи шаффофият дар аъмоли онҳо наафзудааст. Сариқтисодчии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, Вилем Бутер мегӯяд, аз 27 кишвари мавриди баррасии гузориш Ӯзбакистон, Туркманистон ва Беларус беш аз ҳама мавриди танқид қарор гирифтаанд: "Мо дар боби марбут ба Ӯзбакистон қайд кардем, ки ин кишвар дар давоми як сол дар ислоҳоти иқтисодӣ ҳеҷ гуна пешрафте накард. Ва он якҷо бо Туркманистону Беларус дар байни 27 кишвари мавриди назар ақибмондатарин мебошад. Мо ҳарфи худро рӯшану ошкор гуфтем, бе ягон нармиши лаҳн." Дар гузориши Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфта мешавад, ки дахолати мақомоти расмии ин давлатҳо ба умури соҳибкорӣ, бетарафии онҳоро баҳам мезанад ва онҳоро ба саҳҳомони ғайрирасмии ин ришта табдил медиҳад. Дар байни панҷ кишвар, Қазоқистон то андозае тавонистааст, саноати худро аз тавлиди маводи хом ба истеҳсоли мол ҳаракат диҳад. Аммо дар гузориш аз сатҳи баланди ришват дар ин кишвар ва истифодаи мубориза зидди он бо мақсадҳои сиёсӣ сухан меравад. Дар гуфтугӯ бо Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, мудири Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон, натиҷагириҳои Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро тадсиқ карда чунин гуфт: "Дар гузориши Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд Ӯзбакистон ва Туркманистон мавриди танқид қарор гирифтаанд, ки то ҳанӯз натавонистаанд, пули миллии худро дар хариду фурӯши озод бигузоранд." Дар мавриди Тоҷикистон дар навбати аввал монеъаҳои сунъии инкишофи тиҷорат яке аз сабабҳои ҷалб нашудани сармояи беруна номида шуд. Ҳарчанд тарифҳои воридотӣ ва андоз ба фурӯши пахтаву алюмин кам карда шудаанд, монеъаҳое ғайритарифӣ--иҷозатномаи экспорту импорт, зарурати раводиди сафар, молиёти дубора, ришватхории гумрук, баста шудани роҳи оҳан аз таарфи ҳамсояҳо ба густариши тиҷорат роҳ намедиҳанд. Камбуди будҷа ва пойбандии комил ба кӯмаки беруна эътидоли нисбии макроиқтисодиро дар ҳоли шикананда нигаҳ медоранд. Хусусигардонӣ дар соли 2002 тақрибан қатъ шудааст, ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ хеле ночиз аст ва бо вуҷуди пайдойиши эътимод ба банкҳои маҳаллӣ дар низоми қарздиҳии банкҳо ҳодисаҳои ришватситонӣ ошкор гаштаанд. Корманди бунгоҳи хабарию таҳлилии "Азия Плюс" Баҳром Маннонов, ки дар мавзӯъи ришвату фасод дар иқтисодиёти Тоҷикистон чандин мақола нашр кардааст, мегӯяд: "Чуноне ки аз маълумоти додситонии Тоҷикистон бармеояд аксарияти кулли бонкҳо қарзи имтиёзнокро танҳо ба сохторҳои тиҷоратӣ медиҳанд, ҳол он ки хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ аз он маҳрум мемонанд. Масалан агар дар соли 2000 ум 52 фоизи қарзҳо дар арзи миллӣ ва 89 фоизи қарзҳо дар арзи хориҷӣ маҳз ба сохторҳои тиҷоратӣ дода шуда бошанд, ба хоҷагиҳои хусусӣ мутаносибан 9,7 ва 9,3 фоиз дода шудаанду, халос. Оё ҳаҷми ришвату фасод дар Тоҷикистон то куҷо ба пешрафти иқтисодӣ таъсир дорад, бо ин савол ба муовини додситонии Тоҷикистон Азизмад Имомов муроҷиат кардем. Вай гуфт:"Гарчанде ҳодисаҳои додан ва гирифтани пора дар ҷумҳурӣ муайян карда, гунаҳкорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошанд, ҳам, онҳо ба пешрафти иқтисоди кишвар ба пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ягон таъсири ҷиддие нарасонидаанд ва нахоҳанд расонд." Дар ҳамин ҳол, менависад Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, Тоҷикистон барномаи зидди бенавоиро ба тасвиб расонидааст ва дар ин замина бо ниҳодҳои байнулмилалӣ ҳамкорӣ мекунад. Робитаҳои сардгаштаи он бо Сандуқи Байнулмилалии Пул дар нимаи дуюми сол ба низом даромаданд ва Ай Эм Эф бар ин аст, ки кӯмакашро дар ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон идома диҳад.

XS
SM
MD
LG