Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон даъват кард, ки ҳукми қатлро аз қонуни ҷазои кишвар берун кунад



Холидаи Қодир

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин изҳори умедворӣ мекунад, ки монеаҳо дар роҳи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, аз байн бардошта мешаванд



Иттиҳодияи Аврупо ахиран гузориши Марк Жилбер, раиси намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро дар мавриди таҳаввулоти Тоҷикистон истиқбол кард. Марк Жилбер дар ин гузориш ба вазъи ҷумҳурӣ ба сурати умум, баҳои мусбат додааст. Иттиҳодияи Аврупо, бо такя ба гузориши Марк Жилбер аз чанд иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ҳуқуқи башар ва озодии матбуот изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар ин гузориш тасмими ҳукумат дар мавриди лағви визаи хуруҷ, аз ихтиёри вазорати дохилӣ ба дасти вазорати адлия гузаштани назорати зиндонҳо ва иваз кардани ҳукми эъдоми шаҳрванд Дилфуза Нӯъмонова истиқбол шудаанд. Таври маълум, додгоҳи Тоҷикистон Дилфуза Нӯъмоноваро ба марг маҳкум карда буд, вале бо дархости созмонҳои ҳуқуқи башар ҳукми эъдомро ба ҳукми муддати тӯлонии зиндон иваз кард. Иттиҳодияи Аврупо изҳори умед кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон, Нӯъмоноваро бо далелҳои башардӯстона аз маҳбас озод намояд. Зимнан, Иттиҳодия бори дигар аз Тоҷикистон даъват намуд, ки дар марҳилаи аввал умуман, ҳукми қатлро мораториум, яъне мутаваққиф сохта ва сипас, пурра аз қонуни ҷазои кишвар берун кунад. Дар бахши озодии матбуот Иттиҳодияи Аврупо тасмими мақомоти ҷумҳуриро дар мавриди пӯшидани парвандаи ҷиноии журналист Додоҷон Атоуллоев ва додани иҷозати фаъолият ба чанд васоили ахбори мустақил бо қаноатмандӣ пазируфт. Зимни баррасии гузориши раиси дафтари Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе Марк Жилбер, Иттиҳодияи Аврупо ба вазъи сиёсии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст. Иттиҳодия таъкид мекунад, ки шомил шудани ҳамаи ҳизбҳо ва афкори сиёсӣ ба ҳаёти ҷомеа як шарти бозгашти сулҳу субот ба ҷумҳурӣ мебошад. Иттиҳодияи Аврупо изҳори умед мекунад, ки монеаҳо дар роҳи аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла мушкилоти сабти номи ҳизбҳои Ваҳдат ва Сотсиал-Демократӣ, ба зудӣ аз байн бардошта мешаванд. Раиси дафтари намояндагии созмони амнияту ҳамкории Аврупо вазъи иқтисоди Тоҷикистонро низ умедворкунанда номида, вале таъкид мекунад, ки ҳанӯз проблемаҳои муҳим дар ин бахш боқӣ мемонанд. Интизор меравад, ки афзоиши ҳамкориҳои кишварҳои хориҷӣ бо минтақа дар робита ба маъракаи зидди террор, ба беҳбуди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат кунад. Созмонҳои Байналмилалӣ низ, ба шумули Иттиҳодияи Аврупо, равобити худро бо Тоҷикистон густариш доданд, аз ҷумла, гурӯҳи ТАСИС фаъолияташро дар ҷумҳурӣ дубора оғоз кард. Иттиҳодияи Аврупо изҳори умед намуд, ки таҳкими робитаҳои Иттиҳодия бо Тоҷикистон ба рушди ҷумҳурӣ кӯмак хоҳад кард. Иттиҳодия чун як намунаи хуби ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо барномаи пуштибонии муассисаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқи башарро мисол меоварад. Иттиҳодияи Аврупо маблағгузори асосии ин барнома мебошад.

XS
SM
MD
LG