Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талбак Назаров:"Ҳамкории Тоҷикистон бо паймони НАТО вориди марҳилаи нав мешавад"



Искандари Хоҷа Мирзода

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон.



Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров мегӯяд, ки Тоҷикистон ва Паймони НАТО марҳилаи наверо дар равобити байниҳамдигарӣ боз намуданд. Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон дар соли 1994 ҳамроҳ бо дигар кишварҳо ба узвияти Шӯрои Ҳамкориҳои Аврупоиву Атлантикӣ шомил шуда шуд, вазъи дохилии ҷумҳурӣ имкон намедод, ки Тоҷикистон ба барномаи Ҳамкорӣ баҳри Сулҳи Паймони НАТО ҳамроҳ шавад. Ин иқдом фақат чанд моҳ пеш дар моҳи феврали соли равон ҷомаи амал пӯшид. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Талбак Назаров гуфт:" Вақтҳои наздик мо ба НАТО, ба Брусел номае фиристода, хабар медиҳем, ки тасмим гирифтаем, намояндаи доимии худро дар он ҷо мустақар созем. Баъд аз он, муайян мекунем, ки киро ба НАТО фиристем. Ба ин шахс васиқатнома хоҳем дод. Дар паи он ҳамкориҳои амалии мо бо ин созмон оғоз хоҳанд ёфт." Ба гуфти вазири умури хориҷии Тоҷикистон феълан барои ҷумҳурӣ муҳим аст, ки боз ба як ниҳоди байналмилалӣ шомил шуда, аз ширкати фаъол дар умури ҷаҳонӣ барканор набошад. Талбак Назаров илова кард:" Вақте ки намояндагии мо боз шуд, вақте мо имкон ёфтем, ки оиди паҳлӯҳои мухталифи фаъолиятҳои ин ниҳод маълумот дастрас намоем ва бубинем, ки кишварҳои дигар аз ширкат дар барномаи "Ҳамкорӣ баҳри Сулҳ" чӣ гуна баҳрабардорӣ кардаанд ва мо ҳам чӣ фоида касб карда метавонем, албатта дар ҳамон чорчӯб фаъолият пеш хоҳем бурд. Бори дигар мехоҳам бигӯям, ки масъалаи асосӣ гирифтани кадом фоида моливу иқтисодӣ нест. Аз ҳама асосӣ ин аст, ки мо аз нуқтаи назари сиёсӣ мехоҳем дар чавкоти " барномаи "Ҳамкорӣ баҳри сулҳ" низ бахше аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем." Талбак Назаров эҳтимолан барои ором кардани шарикони стратегии Тоҷикистон бошад, гуфт, ки набояд аз марҳилаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистону НАТО касе нигарон бошад, зеро "Бо имзо кардани ҳуҷҷат оиди ширкати мо дар барномаи "Ҳамкорӣ баҳри Сулҳ" ба ҳеҷ ваҷҳ мо мақсад надоштем, ки акнун сиёсатамонро тағйир диҳем, акнун ба ниҳоди аврупоӣ дохил шуда, бо дигарон сиёсатамонро тағйир диҳем. НЕ, сиёсати мо бояд бо мувозинат бошад. Дохилшавӣ ба кадом созмони минтақавӣ ва ё фавқулминтақавӣ биниши стратегии моро дигаргун намесозад. Новобаста аз мавқеи ин ва ё он кишвар новобаста аз узвияти мо, сиёсати мо бар пояи ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар амалӣ мешавад." Хуллас, имрӯз метавон гуфт, ки дар сатҳи сиёсӣ марҳилаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистону НАТО ифтитоҳ ёфт ва иҷрои амалӣ дар пеш аст.

XS
SM
MD
LG