Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон тавофуқномаи навсозии роҳҳои транзитиро имзо карданд



Тоҳири Сафар





Вазирони роҳи Тоҷикистон, Эрон ва вазири фавоиди оммаи Афғонистон дар як нишасти муштараки сеҷониба тавофуқномаи тармим ва навсозии роҳҳои транзитиро имзо карданд. Тавофуқномаи мазкур бар асоси созиши раҳбарони се кишвар, дар ҷараёни нишасти ахири Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Истанбул ба имзо расидааст. Бинобар иттилои вазири фавоиди оммаи Афғонистон ин тавофуқнома тармиму таҷдиди роҳи иртиботии Дуғорун-Шерхонбандар, ки Эронро аз тариқи шаҳрҳои Ҳирот, Шибирғон, Мазори Шариф ва Қундузи Афғонистон ба Тоҷикистон васл мекунад, дар назар дорад. Вазири фавоиди оммаи Афғонистон Абдуллоҳи Алӣ ба Радиои Озодӣ гуфт дар асоси ин тавофуқнома як ҳайати коршиносон аз се кишвар ин роҳи транзитиро мавриди омӯзиш қарор дода, назароту пешниҳодоти худро дар бораи тармиму навсозии он тӯли як моҳ ироа медиҳад. Аммо гуфт Абдуллоҳи Алӣ таҷдиди ин роҳи бузурги транзитиро, ки 800 километрро ташкил медиҳад наметавон бо кӯмаки ду кишвар, Тоҷикистон ва Эрон бунёд кард. Ба қавли вазири афғон таҷдиди ин роҳ сармоягузории иловагии хориҷиро талаб мекунад ва Афғонистон барои пайдо кардани ин маблағ саъй хоҳад кард. Аммо рӯшан аст, ки як қисмати ин роҳро роҳсозони тоҷик бо ҳамтоёни афғониашон тармим мекунанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Муҳаммадюсуф Шодиев сухангӯи вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ширкати муштараки "Дӯстӣ", ки таввасути муассисаи "Хатлонроҳ"-и Тоҷикистон ва ширкати афғонии "Холид" таъсис ёфтааст ба тармими ин роҳ аз самти Тоҷикистон хоҳад пардохт ва маблағгузорӣ аз ҷониби ҳукумати Афғонистон сурат мегирад. Муҳаммадюсуф Шодиев афзуд мавриди истифода қарор гирифтани роҳи транзитии Дуғорун-Шерхонбандар, ба густариши тиҷорати минтақавӣ мусоидат мекунад. Ба гуфтаи коршиносон дар сурати тармим ва мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳ тӯли роҳи миёни Тоҷикистон ва Эрон ҳудуди 200 километр коҳиш меёбад. Муҳимтар аз ҳама мегӯянд иқтисодшиносон, Тоҷикистон як андоза аз бунбаст раҳо мешавад. Қисми умдаи молу маводи Тоҷикистон аз тариқи Ӯзбакистон ба кишварҳои дигар интиқол меёбад ва танҳо барои расидан ба Эрон нақлиёти Тоҷикистон бояд қаламрави ду кишвар Узбакистон ва Туркманистон ва муқарароти мушкилзои онҳоро пушти сар кунанд. Аммо тасмими ниҳоии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар мавриди роҳи транзитии Дуғорун-Шерхонбандар ин аст, ки се кишвар бо ташкили як кумитаи муштарак масъалаи тармими роҳро моҳи оянда дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баррасӣ намоянд.



XS
SM
MD
LG