Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи интернат ва парваришгоҳҳои Тоҷикистон риққатбор аст



Раҳматкарими Давлат





Намояндагони Бунёди Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ зимни баргузор намудани як нишаст, мушкилоти иҷрои барномаи кӯмак ба кӯдакони бепарастор ва вазъи парваришгоҳҳоро баррасӣ намуданд. Фурқат Лутфуллоев ҳамоҳангсози барномаи Бунёди Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯяд: "Феълан вазъи бисёре аз интернат ё парваришгоҳҳои кӯдакони бепарастор дар Тоҷикистон риққатбор аст ва шароити зарурии зиндагӣ ва тарбияти атфол дар ин марказҳо вуҷуд надорад. Феълан дар Тоҷикистон 63 парваришгоҳи тифлони бепарастор амал мекунад, ки дар маҷмӯъ дар онҳо, тибқи маълумоти расмӣ 10 ҳазор кӯдак ба сар мебаранд. Аммо ҳамоҳангсози Бунёди Кӯдакони СММ мегӯяд ин рақам нисбист ва теъдоди атфоли бепарастор бештар аз инро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 57 ҳазор кӯдак бар асари ҷанги шаҳрвандӣ бесаробон мондааст. Аммо қисмати зиёде аз ин кӯдакон дар тарбияи хешу табор ва наздиконашон мебошанд ва дар маълумоти расмӣ номи онҳо сабт нашудааст. Ба гуфтаи намояндаи Бунёди Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон то соли оянда шумораи аниқи бепарасторон дақиқ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол муовини раиси Камиссиюни ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон дар ҳукумати Тоҷикистон Лутфӣ Вазирова бо ишора ба вазъи ногувори парваришгоҳҳо гуфт:"Дар ҳоли ҳозир бо мусоидати Бунёди Кӯдакон ва созмонҳои дигари имдодрасон ва ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои мухталифи беҳбуд бахшидан ба шароити парвариши кудакон мавриди баррасӣ қарор дорад. Вай мегуяд мутобиқ ба пешниҳодоти Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид, ки Тоҷикистон соли 2000-ум зери он имзо гузоштааст, ҳар як кудак ҳуқуқи тарбия дидан дар муҳити хонаводаи худ, ё умуман хонаводаро дорад. Ва тибқи Конвенсияи ҳуқуқи кудак мо бояд шумораи парваришгоҳҳоро кам намуда, шароити дар муҳити хонавода тарбия ёфтани кӯдаконро фароҳам созем. Дар ҳоли ҳозир талош мекунем, то хонаводаҳоеро пайдо намоем, ки бахше аз ин кӯдакони бепарасторро ба тарбияи худ бигиранд. Дар ҳар сурат ин масъала чун як мушкили ҷомеа дар рӯ ба рӯи мо қарор дорад". Бунёди Кӯдакони СММ барои иҷрои барномаи кӯмак ба атфоли бепарастор дар Тоҷикистон ҳудуди 5 миллион доллар аз захираҳои худ масраф мекунад. Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, як барномаи нави дигари Бунёди Кудакон бо ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои соли оянда мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG