Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки Осиёии Рушд лоиҳаи нав пешниҳод кард



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад





Ахиран маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо тарҳи 28 миллиондолларии тармими роҳи мошингарди Душанбе-Обигарм-Дарбандро, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шаҳри Роғун, маҳҳали сохтмони нерӯгоҳи обии "Роғун" мепайвандад, ҷиҳати тасдиқ ба Бонки Осиёии Рушд фиристод. Қарор аст, Бонки Осиёии Рушд ин лоиҳаро баррасӣ намояд ва баъди ба даст омадани тавофуқ миёни бонк ва мақомоти Тоҷикистон дар заминаи ин лоиҳа созишномаи додани қарзи 28-миллиондолларӣ ба Тоҷикистон имзо шавад. Муовини раиси идораи таҷдиди роҳҳо Ғоибназар Боронов мегӯяд дарсадии ин қарз ҳудуди як то якуним дар сад дар сол хоҳад буд, аммо мӯҳлати бозпардохтро тарафайн қабл аз имзои созишнома таъйин хоҳанд кард. Баъд аз имзои созишномаи мазкур тибқи қавоиди бонк озмуни байналмилалӣ барои интихоби ширкатҳои идоракунандаи татбиқи лоиҳа эълон хоҳад шуд, ки муассисоти Тоҷикистон низ дар ин озмун дар сурати мутобиқати асноди пешниҳодкардаашон бо шароити озмун метавонанд ширкат кунанд. Ба қавли ҷаноби Боронов аз маблағҳои пешбинишуда ҳудуди 2 миллион доллар барои таъмири роҳҳои деҳу рустоҳои ҳамҷавори роҳ истифода хоҳад шуд. Асосан роҳ то шаҳраки Обигарм комилан тибқи стандартҳои байналмилалӣ таъмир хоҳад шуд ва аз Обигарм то маркази ноҳияи Дарбанд танҳо баъзе аз қитъаҳои роҳ, ки таъмирашон муҳим аст, бозсозӣ мешаванд. Зеро бо назардошти эҳдоси нерӯгоҳи Роғун аз Обигарм то минтақаи Сарипули ноҳияи Дарбанд, ҳудуди 50 километри ин роҳ зери об мемонад. Коршиносон мегӯянд аҳамияти ин лоиҳа ба ғайр аз бозсозии роҳҳо ва беҳбуди инфраструктураи минтақа ин аст, ки ашхоси зиёди бекор тайи муддати татбиқи лоиҳа бо кор таъмин мегарданд ва шиддати вазъи иҷтимоӣ коҳиш меёбад. Аммо дар мавриди ин ки сарнавишти сохтмони роҳи ҷадиди минтақаи шарқи кишвар аз деҳаи Ҷавонии шаҳри Роғун то деҳаи Самсолик чӣ хоҳад шуд, масъулони кишвар ҳанӯз чизе намегӯянд. Дар сурати эъмори садди нерӯгоҳи Роғун робитаи автомобилӣ бо минтақаи шарқ қатъ хоҳад шуд ва зарурат ба аз сар гирифтани бунёди роҳи нимсохати мазкур ба миён меояд. Коршиносон мегӯянд ин дуюмин лоиҳаи бузурги бозсозист, ки ҳукумати Тоҷикистон барои навоҳии водии Рашт рӯи кор мегирад. Қаблан бо истифода аз як қарзи 10 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ, тайи солҳои 1998-2001 дар ин минтақа беш аз 30 пули хурду бузург бозсозӣ гардид.

XS
SM
MD
LG