Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Миллал ихроҷи панҷ муҳоҷир аз Душанберо маҳкум кард



Соҷидаи Мирзо





Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон депортатсияи панҷ паноҳандаи афғон аз Тоҷикистонро маҳкум кард ва гуфт, аз он нигарон аст, ки мақомоти Тоҷикистон сабаби ихроҷи муҳоҷиронро шарҳ намедиҳанд. Дар ин бора Оурвази Пател корманди масъули комиссариат дар Душанбе хабар дод. Гуфта мешавад, ки панҷ муҳоҷири ба минтақаи мазори Шарифи Афғонистон депортатсия шуданд. Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора аз муҳоҷирони афғон маълумот гирифтанд. Тибқи ин иттилоъ авохири ҳафтаи гузашта, пулис аз 30 то 40 муҳоҷири афғонро дар кучаҳои пойтахт боздошт кардааст. Баъди гуфтушуниди намояндагони камисарият бо мақомоти Тоҷикистон ваъда шуд, ки боздоштшудаҳо то миёнаҳои ҳафта озод мешаванд. Аммо бахши ками паноҳандагон раҳо шудаанд. Хонум Пател мегуяд, ки Камиссариати Олии Созмони Милали муттаҳид бо як номаи эътирозӣ ба вазорати дохилии Тоҷикистон муроҷиъат кардааст.



XS
SM
MD
LG