Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Мурғоб бемории домана хуруҷ кардааст



Соҷидаи Мирзо





Ташкилоти байналмилалии "Пизишкони Бидуни Марз" аз хуруҷи бемории тиф ва ё домана дар минтақаи мурғоби Тоҷикистон, хабар дод. Ин минтақаи баландкуҳ, воқеъ дар қисмати шарқии Тоҷикистон 1350 сокин дорад ва маконии аслии хуруҷи домана мавзеъи Сарикинҷар муайян шудааст. То ҳол 51 ҳодисаи гирифторӣ ба тифи шикам тасдиқ шудааст. Як ҳафта пеш лабораторияи ҷумҳуриявӣ баъди ташхиси хун маризии 22 нафарро таъйид карда буд. Табибон аз афзоиши босуръати беморӣ дар ин минтақаи сард гузориш медиҳанд. Табибон сабаби аслии густариши бемориро дар ифлосии оби нӯшокӣ медонанд . "Табибони Бидуни Марз" бо таъмини оби пок ва маводи тиббӣ талош доранд, ки аз тавсиаи ин бемории марговар дар куҳистони Мурғоб ҷилавгирӣ кунанд.



XS
SM
MD
LG