Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ:"Гурӯҳҳои ифротӣ ба амнияти Тоҷикистон ва Осиёи марказӣ таҳдид мекунанд"



Мирзои Салимпур





Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси комиссияи пешини оштии миллӣ ва раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар як мулоқот бо Владимир Сотиров, раиси нави дафтари сиёсии Созмони Милал гуфт, амнияти Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ ва дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя беҳтар шудааст, аммо то ҳол авомили хатарафзое мавҷуданд, ки ба суботу оромиши минтақа ва кишвар таҳдид мекунанд. Сайид Абдулллоҳи Нурӣ мавҷудияти неруҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ҳудуди Афғонистон ва мухолифини мусаллаҳи тоҷик дар хоки Узбакистонро дар баробари фаъолияти созмони ғайримашрӯъи Ҳизб-ут-таҳрир, мушкилоти Афғонистон ва идомаи боздошту бозҷӯии тарафдорони Иттиҳоди собиқи Неруҳои Мухолифини Тоҷикро дар шумули чунин авомили хатарнок ном гирифт. Ба навиштаи маҷаллаи электронии "Нюсру", ҷаноби Нурӣ дар сӯҳбат бо намояндаи Созмони Милал гуфт, идомаи таъқиби тарафдорони Иттиҳоди собиқи Мухолифини Тоҷик мумкин аст, мунҷар ба пайвастани бархе аз афроди норозӣ аз байни онҳо ба сафи ҷангиёни полковники саркаш Маҳмуд Худойбердиев шавад. Ба маълумоти ҳамин манбаъ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон зимни интиқоди фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир гуфт, ин созмон вазъи танги иқтисодӣ ва мизони фақр дар кишварро моҳирона ба нафъи худ истифода бурда, мехоҳад ақидаи ташкили як хилофати исломӣ дар паҳнои Осиёи Марказиро ба мардум талқин кунад. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар аввал мухолифи таъқиботи бараҳандохтаи мақомот алайҳи тарафдорони Ҳизб-ут-таҳрир буд ва аз ин шева саркӯб кардани созмону наҳзатҳои тундравро ғайримумкин мехонд. Аммо баъдан оқои Нурӣ дар муқобили фаъолияти ғайримашрӯъи Ҳизб-ут-таҳрир мавқеъи шадидтар гирифт. То ҷойе ки дар як мусоҳибааш қаблан гуфт, ки аъзои Ҳизб-ут-таҳрир алайҳи Наҳзати Ислом фаъолияти хасмона мебаранд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар дидор ва гуфтугӯяш бо Владимир Сотиров гуфт, як ҳадафи умдаи ҳизби вай дар марҳалаи кунунӣ ҳимоят аз сулҳ ва мубориза дар муқобили омилҳоест, ки ояндаи суботу оромиш дар саҳнаи Тоҷикистон ва минтақаи осиёи Марказиро мувоҷеҳ ба хатар мекунанд. Раҳбари Ҳизби Наҳзати Ислом мегӯяд, Тоҷикистон дар риштаи иқтисод ба пешравиҳое ноил шудааст, аммо мушкилоти фақру бенавоӣ аҳамияти ин пешрафтҳоро ба ҳеҷ мебаранд. Оқои Нурӣ афзуд, мақомот то ҳол танҳо ба ислоҳоти зоҳир тарҷеҳ медиҳанд, вале фақат мурооти саросарии қонун ва аз байн бурдани фасодкорӣ дар идороти кишвар ислоҳи низоми ҷомеаи Тоҷикистонро мумкин ва муваффақ мегардонад.





XS
SM
MD
LG