Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аризаи Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ба вазорати адлия пешниҳод шуд



Тоҳири Сафар



Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ба вазорати адлияи ин кишвар дубора муроҷиат кард, то ин ҳизбро сабти ном намояд. Дар иттилоияи ҳизб омадааст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои лозим ва ариза барои сабти ном шудан ба вазорати адлия пешниҳод шудааст ва тибқи қонунҳои мавҷуд вазорат муваззаф аст, дар зарфи як моҳ ҳизбро ба қайд гирад. Ин ҳизб ба гуфтаи масъулони он дар 1518 аъзо дорад. Моҳи октябри соли равон муассисони Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони президенти кишвар, аз ӯ хоҳиш карданд, ки барои сабти ном шудани ҳизб мусоидат кунад, зеро маротибаи чаҳорум аст, ки вазорати адлия аризаи ҳизбро бо баҳонаҳои гуногун пас мегардонад.



XS
SM
MD
LG