Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омӯзгорони Панҷакент ба коршиканӣ хотима доданд



Мирзои Салимпур



Тибқи иттилои хабаргузории "Вароруд", омӯзгорони макотиби ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент, баъди чор рӯзи коршиканӣ дубора ба тадрис шурӯъ карданд. Мақомоти ноҳия ба таври оҷил як қисми ҳуқуқи ҷамъшудаи онҳоро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ пардохт, аммо 38 корманди техникии ин макотиб ҳамчунон ба амали эътирозии худ идома медиҳанд. Ҳукумати Панҷакент танҳо аз ҳисоби маош аз омӯзгорони ноҳия ҳудуди 550 000 сомонӣ қарздор шудааст, ки муодили тақрибан 180 000 доллар аст.





XS
SM
MD
LG