Пайвандҳои дастрасӣ

Борис Гризлов бо президенти Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмонов мулоқот кард



Абдуқаюми Қаюмзод

Вазири корҳои дохилии русия ба зарурати эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғоснитон таъкид кард.

Вазири корҳои дохилии Русия Борис Гризлов рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмонов мулоқот кард. Онҳо ҳамкории Тоҷикистону Русияро дар мубориза зидди террор, ҷиноёти муташаккил ва маводи мухаддира баррасӣ карданд. Гризлов баъди ин мулоқот бори дигар назари худро дар робита ба эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон иброз дошт: Марзи тоҷику афғон яке аз минтақаҳои хатарноктарини тиҷорати маводи мухаддира ба шумор меравад. Як мавзӯъи дигар дар мулоқоти ду нафар масъалаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия буд. Вазири корҳои дохилии Русия Борис Гризлов ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия нараванд. Гризлов гуфт, ки ҳоло вазорати корҳои дохилӣ масъули умури муҳоҷират аст. Вазир афзуд: мо бахши муҳоҷиратро сахт ба тартиб меоварем. Борис Гризлов рӯзи панҷашанбе ба Тоҷикистон омад. Тафсилоти боздид ва мулоқотҳои ӯро дар Душанбе баъди нашри хабарҳо мешунавед.

XS
SM
MD
LG