Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба 20 соли ҳабс маҳкум шуд



Абдуқаюми Қаюмзод





Додгоҳи низомии Тоҷикистон, Раҳмон Муродов як фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ин кишварро бо ҷурми куштор ва авбошӣ ба 20 соли ҳабс маҳкум кард. Бинобар иттилои дафтари матбуоти додситони низомии Тоҷикистон полковник Раҳмон Муродов моҳи ноябри соли 1997 шаҳрванд Абдураҳмон Қӯқановро бо аслиҳаи оташфишон ба қатл расонидааст. Раҳмон Муродов замони ҷанги шаҳрвандӣ узви Фронти Халқй буда, ҳангоми боздошт, дар қисми ҳарбии таҳти идораи Саидшо Шамолов аз фармондеҳони шинохтаи Фронти Халқй хидмат мекардааст.

XS
SM
MD
LG