Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон 500 ҳазор тонна пахта ҷамъ овард



Саидқосими Қиёмпур





Кишоварзони тоҷик пас аз 7 сол бори аввал 500 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд, ки дар қиёс ба соли гузашта беш аз 50 ҳазор тонна зиёд аст. Дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хабарнигори Родиёи Озодӣ гуфтанд, ки хоҷагиҳои фермерӣ беш аз 70 ҳазор тонна пахтаи маҳиннах ҷамъ оварда, нақшаи тавлиди ин навъи гаронбаҳои пахтаро 118 иҷро карданд. Пахта як маҳсулоти стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Соли гузашта кишвар бо фурӯши беш аз 75 ҳазор тонна нахи пахта 72 миллион доллар ба даст овардааст. Аз моҳи январ то сентябри имсол даромади кишвар аз содироти пахта беш аз 75 миллион долларро ташкил додааст.



XS
SM
MD
LG