Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 70 муҳоҷири тоҷик аз қаламрави Русия берун карда мешавад



Тоҳири Сафар





Вазорати умури дохилаи Русия ба далели риоя накардани муқарароти истиқомат беш аз 70 шаҳрванди Тоҷикистонро аз вилояти Маскав хориҷ мекунад. Бинобар иттилои хабаргузории Интерфакс, ин афрод рӯзи 14 ва 15 уми ноябр таввасути ҳавопаймои боркаш аз фурудгоҳи Чкаловский ба Душанбе интиқол дода мешаванд. "Интерфакс" менависад, маъракаи хориҷ кардани муҳоҷирини вайронгари муқарароти истиқомат, бо қарори ҳукумати вилояти Маскав ва ҳамдастии вазорати умури дохилаи Русия сурат мегирад.







XS
SM
MD
LG