Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду афсари вазорати амнияти Тоҷикистон ба 17 соли ҳабс маҳкум шуд



Тоҳири Сафар





Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи ду афсари собиқи вазорати амнияти ин кишварро хотима дода, онҳоро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 17 соли ҳабс маҳкум кардааст. Бинобар иттилои додгоҳи олӣ Сабриддин Юлдошев ва Салим Наҷмиддинов - сардори як шӯъбаи раёсати мубориза алайҳи тероризми вазорати амният дар фурӯш ва нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир мутаҳҳам мешаванд. Тибқи хабари ҳамин манбаъ Наҷмиддиновро кормандони интизомӣ зимни фурӯши 2 килограмм ҳероин боздошт ва илова бар ин аз утоқи кории ӯ миқдори зиёди ин маводро пайдо карданд. Додгоҳи олӣ ин ду нафарро мутобиқи чанд банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, барои ҳар ду 17 соли ҳабс ва мусодираи молу мулк ҷазо муқаррар кардааст.



XS
SM
MD
LG