Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон маоши ҳадди аққал афзоиш меёбад



Тоҳири Сафар



Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор, маоши ҳадди аққал дар ин кишварро панҷ сомонӣ, муодили тақрибан 2 доллари амрикоӣ муқарар кард. Бинобар иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи ин қарор сар аз 1 апрели соли 2003-ум маоши кормандони идораҳои буҷавии Тоҷикистон 20 фоиз боло бурда мешавад. Нафақа ва идрори донишҷӯён низ ҳамин миқдор афзуд хоҳад шуд. Аммо бар асоси ҳамин санад тамоми идораҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтаанд 5 дар сади коргарони худро ихтисор намоянд.

XS
SM
MD
LG