Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиард киловат соат нерӯи барқ мефурӯшад



Тоҳири Сафар





Заводи арзиз ё алюминийи Тоҷикистон (ТадАз) аз моҳи октябр то моҳи майи соли равон аз Туркманистон ба миқдори 1 миллирду 200 миллион киловат соат нерӯи барқ харидорӣ мекунад. Бинобар иттилои нашрияи интернетии Туркменистан.ру Сафармурод Ниёзов раисҷмумҳури Туркманистон қарореро имзо кардааст, ки бар асоси он вазорати энержии кишвараш ба Тоҷикистон бояд ин миқдор нерӯи барқро содир кунад. Нашрия мегӯяд Сафармурод Ниёзов ин қарорро бо хоҳиши давлати Тоҷикистон ва ба хотири таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишвар ба имзо расонидааст.



XS
SM
MD
LG