Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Квашневский, раисҷумҳури Полша вориди Тоҷикистон шуд



Мирзои Салимпур



Александр Квашневский, раисҷумҳури Полша шоми чаҳоршанбе, 23 октябр дар идомаи сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Александр Квашневский дар оғози ин сафари расмӣ ба хабарнигорон гуфт, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар баробари мизони кунунии равобити дуҷониба ҳамчунин масоили байнулмилалӣ ва амнияти минтақаро баррасӣ хоҳад кард. Оқои Квашневский афзуд, ҳамкориҳои ду кишвар тоза шурӯъ шудаанд, вале Полша мехоҳад ба вижа дар риштаи иқтисод ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ҳамкории бештар дошта бошад. Табодули мол дар байни Полшаву Тоҷикистон тайи соли гузашта ҳамагӣ 5 милён доллар буд, аммо дар зарфи нӯҳ моҳи аввали соли равон ин ду кишвар танҳо ба маблағи 2 800 000 доллар содироту воридот анҷом додаанд. Қарор аст, дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Полша ба Тоҷикистон маҳфилҳои соҳибкори ду кишвар дар шаҳри Душанбе як анҷумани муштараки тиҷоратӣ доир кунанд.

XS
SM
MD
LG