Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсария хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шудааст



Мирзои Салимпур

Шветсария хоҳони ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон шудааст.

Рӯзи сешанбе Антонио Котте, раиси Шӯрои Давлатии Конфедерасиюни Шветсария, бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дидор ва гуфтугӯ кард. Оқои Котте гуфт, Шветсария то кунун ба маблағи 8 милён доллар ба Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт дода, феълан дар ин кишвар 20 лоиҳаро маблағгузорӣ мекунад. Антонио Котте тақвияти равобити миёни ду кишвар дар риштаи истифодаи манобеъи об ва рушди соҳаи энержии Тоҷикистонро қобили мулоҳиза хонд. Шветсария аз ҳамкорони умдаи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва табодули мол миёни ду кишвар дар нӯҳ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ 43 милён долларро ташкил додааст. Сию шаш дар сади нахи пахтаи Тоҷикистонро маҳз ширкатҳои Шветсария харидорӣ мекунанд.













XS
SM
MD
LG