Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи нӯҳ моҳи гузашта 5 фоиз афзудааст



Мирзои Салимпур





Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар зарфи нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба давраи соли гузашта ҳудуди 5 дар сад афзуда, каме бештар аз 1 миллиард долларро ташкил додааст. Таносуби байни содироту воридот дар таркиби гардиши моли Тоҷикистон тақрибан баробар аст. 80 дар сади содироти кишвар аз ҳисоби фурӯши се маҳсулоти асосӣ - алюминий, пахта ва неруи барқ ба даст омадааст. Ҳудуди 60 дар сади алюминийи тоҷикро Ҳолланд ва 22 дар садашро Туркия харидорӣ кардаанд. Нахи пахта Тоҷикистон дар ин давра умдатан ба чаҳор кишвар-- Швейтсария, Латвия, Эрон ва Русия содир шудааст.

XS
SM
MD
LG