Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон имсол ба маблағи 85 милён доллар кӯмаки башарӣ гирифтааст



Мирзои Салимпур





Бино бар маълумоти Кумитаи омори ҳукумати Тоҷикистон, ин кишвар дар зарфи нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ аз 40 кишвари ҷаҳон ба маблағи 85 милён доллар ва ба миқдори 135 000 тонна кӯмакҳои башарӣ дарёфт кардааст. Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбе, 19-уми октябр, дар шаҳри Душанбе маросими иттихози як кӯмаки 16-милёндолларии ҳукумати Ҷопон ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон баргузор шуд. Кӯмаки мазкур аз 235 трактор, 80 комбайн, 200 тухмипошак ва таҷҳизоти дигари кишоварзӣ иборат аст. Акио Кавата, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон гуфт, ҳукуматаш бо дарназардошти равобити суннатии риштаи кишоварзии Тоҷикистон ин таҷҳизотро дар Русияву Беларус ва Узбакистон харидорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG