Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамринҳои муштараки ситодӣ дар машқгоҳи Лоҳур поён ёфт.



Мирзои Салимпур





Тамринҳои муштараки ҷузвутомҳои низомии артиши 201-уми Русия ва ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар машқгоҳи низомии Лоҳур дар 30-километрии ҷануби шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Генерал-лейтенант Анатолий Сидякин, муовини фармондеҳи ҳавзаи низомии Приволжеи артиши Русия ба хабаргузории ИТАР-ТАСС натоиҷи машқҳои муштаракро муваффақ номид ва гуфт, дар тамринҳои кунунӣ ҳудуди 1 500 афсару аскар, 300 воҳиди техникаи низомӣ бо шумули чархболу ҳавопаймоҳои ҷангӣ ширкат кардаанд. Пешгирӣ аз ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон як ҳадафи асосии тамринҳои муштарак дар машқгоҳи Лоҳур буд.

XS
SM
MD
LG