Пайвандҳои дастрасӣ

Иёлоти муттаҳида ба кумитаи марзбонии Тоҷикистон таҷҳизоти назорати марз тақдим кард



Мирзои Салимпур





Кеннет Гросс, муовини сафири Ийолоти Муттаҳида дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе боз як бахши кӯмакҳои молии кишварашро тақдими Кумитаи марзбонии Тоҷикистон кард. Ин бастаи кӯмакҳо иборат аз 300 дастгоҳи ташхиси макон ва ба маблағи 67 000 доллар мебошад. Ироаи кӯмакҳои молии Амрико барои марзбонони тоҷик тибқи як барномаи департаменти давлатӣ ва аз тариқи хадамоти гумруки ин кишвар амалӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG