Пайвандҳои дастрасӣ

Кеннет Гросс: Ҳамла ба Ироқ иқдоми ниҳоии Амрико хоҳад буд



Тоҳири Сафар





Иёлоти муттаҳидаи Амрико бинобар хавфнок будани режими Саддом Ҳусайн, хостори сарнагун кардани он аст. Ин матлабро рӯзи сешанбе Кеннет Гросс муовини сафири Иёлоти муттаҳида дар шаҳри Душанбе зимни мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон баён дошт. Кеннет Гросс афзуд Иёлоти муттаҳидаи Амрико далелҳои раднопазире дар ихтиёр дорад, ки то ҳанӯз Ироқ тавлиди аслиҳаи куштори ҷамъӣ, аз ҷумла газҳои паралитикиро идома медиҳад. Дипломат гуфт Ироқ ин навъи аслиҳаро алайҳи курдҳои кишвараш ва дар ҷараёни ҷанг бо Эрон истифода карда буд. Ба гуфтаи муовини сафир дар Ироқ то ҳол ангалҳои бемории сӯхтанӣ ва аслиҳаи ядроӣ истеҳсол мешаванд. Кеннет Кросс ба хабарнигорони тоҷик, гуфтааст Ироқ метавонад ин гуна аслиҳаро дар ихтиёри гурӯҳҳои манфиатдор бигузорад ва онҳо аз ин навъи аслиҳа дар ҳар гӯшаи олам кор бигиранд.



XS
SM
MD
LG