Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпорацияи байналмилалии молиявӣ омодаи сармоягузории бештар ба бахши хусусии Тоҷикистон аст



Тоҳири Сафар





Корпорацияи байналмилалии молиявӣ дар сурате сармоягузори ба иқтисоди Тоҷикистонро афзоиш медиҳад, ки фазои сармоягузории кишвар мусоид шавад, ва заминаҳои қонунии матлуб ба вуҷуд оянд. Ин матлабро Асад Ҷабре раҳбари ҳайати Корпорацияи байналмилалии молиявӣ зимни мулоқоташ бо Оқил Оқилов нахуствазири Тоҷикистон баён доштааст. Бо вуҷуди ин Асад Ҷабре ҳамкории Тоҷикистон бо созмонашро мусбат арзёбӣ карда, коргоҳи муштараки истихроҷи тиллои Зарафшонро намунае аз ҳамкории босамар номидааст. Бинобар иттилои маркази матбуоти давлати Тоҷикистон Корпорацияи байналмилалии молиявӣ изҳори омодагӣ кардааст барои раҳандозии барномаҳои бахши хусусии Тоҷикистон 22 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.







XS
SM
MD
LG