Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Тоҷикистонро ду нафарро ба қатл маҳкум кард



Тоҳири Сафар



Рӯзи душанбе Додгоҳи олии Тоҷикистон ду узви як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва собиқ размандагони иттиҳоди мухолифини тоҷикро бо иттиҳоми одамрабоӣ, куштор ва ғоратгарӣ ба қатл маҳкум кард. Маҳмадалӣ Ватанов муовини раиси додгоҳи Тоҷикистон ба хабаргузории Итар Тасс гуфтааст ҳабдаҳ тани дигар аз гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ, ки дар ошӯбҳои зиддиҳукуматӣ дар соли 1998 ширкат доштанд, ба солҳои тӯлонӣ маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Маҳмадалӣ Ватанов афзудааст инҳо роҳзанҳое ҳастанд, ки ба чизе эътиқод надоранд ва фақат бо истифода аз силоҳ зиндагӣ пеш мебурданд. Дар Тоҷикистон, ки мораториӣ болои ҳукми қатл ҷорӣ нест, аз оғози сол, даҳ нафар бо ҷурмҳои гуногун маҳкум ба марг шудаанд.



XS
SM
MD
LG