Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони авфи байналмилал мегӯяд дар Тоҷикистон ҳар сол эъдомҳои сиррӣ баъди додгоҳҳои ғайриодилона сурат мегирад



Саид Сабоҳ





Тибқи гузориши нави Созмони Авфи байналмилал ё "Эмнести Интернешнл", ки рӯзи душанбе нашр шуд, эъдомҳои сиррӣ баъд аз додгоҳҳои ғайриодилона ҳар сол дар Тоҷикистон пеш бурда шуда ва аксар мутаҳамин, ки ба марг маҳкум мешаванд, қабл аз он ба шиканҷа рӯ ба рӯ шуда ва ба хонаводаҳои онон дар бораи сарнавишти маҳбусҳо маълумот дода намешавад. Эмнестӣ Интернешнл меафзояд, ки аксар хонаводаҳои ин афрод ҳатто намедонанд, ки боздоштшудагони эшон зинда ҳастанд ё на. Дар гузориш ин аъмоли сиррии Тоҷикистон, бераҳмона, золимона ва худсарона тавсиф мешавад. Созмони нозири ҳуқуқи башар илова мекунад, ки аз соли 1998 то кунун дар бораи 133 ҳукми қатл дар Тоҷикистон маълумот ба даст овардааст, ки 29 нафари онҳо дар шаш моҳи аввали соли 2002 ба ин ҷазо маҳкум шуданд. Ҳамчунин дар зарфи чаҳор соли гузашта 7 нафар авф гардида ва болои 17 нафар ин муҷозот амалӣ шудааст. Назар ба навиштаи "Авфи байналмилал" ба эҳтимоли қавӣ аксар афроди маҳкумшудаи дигар низ эъдом шудаанд. Дар натиҷаи қонуни ҳифзи сирри давлатӣ шумораи дақиқи маҳкумин ба марг ва эъдомшудагон маълум нест ва мумкин аст бештар аз шумори зикргардида бошад.

XS
SM
MD
LG