Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайвастанд



Абдуқаюми Қаюмзод

Дар баррасии масъалаи ҳамойиши Ҳизби аграрӣ бо Ҳизби демократи Тоҷикистон раиси ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров гуфт, аз он ҷо ки Ҳизби аграрӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб нуфуз дошт, ин чунин маъно дорад, ки акнун ҲДТ дар ин минтақа фаъолтар хоҳад шуд. Узви Раёсати ҲДТ Ҳоҷимуҳаммад Умаров афзуд, ба сурати умум бо ҳамоиши ду ниҳод таъсири демократҳои тоҷик на танҳо дар шаҳру шаҳрак, балки русто ва деҳкадаҳо зиёд хоҳад шуд.



Шумораи аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 28-уми сентябр якбора ба чандсад нафар афзойиш ёфт. Раҳбарияти ин ҳизб эълон кард, ки аъзои Ҳизби сабтиномнашудаи аграрии Тоҷикистон дар ҳайъати пурра шомили ҳизби демократ шуданд. Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) яке аз ниҳодҳои собиқадори сиёсии кишвар мебошад ва Ҳизби аграрӣ, ки дертар таҳти сарварии собиқ котиби Кумитаи Марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва узви парламент Ҳикматулло Насриддинов таъсис ёфтааст, ба муқовимати мақомоти расмӣ рӯбарӯ шуда, сабтиноми расмии худро аз даст дод. Вазорати адлияи Тоҷикистон бо эълони ин ки дар санадҳои шумораи аъзои ин ҳизб ноаниқиҳо ҷой доранд, дигар онро номнавис накард. Дар баррасии масъалаи ҳамойиши Ҳизби аграрӣ бо Ҳизби демократи Тоҷикистон раиси ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров гуфт, аз он ҷо ки Ҳизби аграрӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб нуфуз дошт, ин чунин маъно дорад, ки акнун ҲДТ дар ин минтақа фаъолтар хоҳад шуд. Узви Раёсати ҲДТ Ҳоҷимуҳаммад Умаров афзуд, ба сурати умум бо ҳамоиши ду ниҳод таъсири демократҳои тоҷик на танҳо дар шаҳру шаҳрак, балки русто ва деҳкадаҳо зиёд хоҳад шуд.



XS
SM
MD
LG