Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи вилояти Суғд як шаҳрванди Ӯзбакистонро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 12 соли ҳабс маҳкум кард



Тоҳири Сафар





Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон шаҳрванди Ӯзбакистон Ҳамро Сафаровро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати хадамоти кишвари хориҷӣ ба 12 соли ҳабс маҳкум кард. Хабаргузории Итар Тасс бо такя ба иттилои додгоҳи вилоят навиштааст, ҳарчанд банди 308-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин ҷиноят 25 солро раво мебинад, вале додгоҳ ба шаҳрванди Ӯзбакистон ҳадди аққали ин ҷазоро муайян кардааст. Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли як манбаъ дар вазорати амнияти Тоҷикистон гуфт Ҳамро Сафаров моҳи марти соли 2000-ум таввасути кормандони ин вазорат боздошт ва аз ӯ нақшаи анборҳои силоҳҳои вазорати умури изтирорӣ, ҳамчунин камераи наворбардорӣ бо сабти иншооти муҳими кишвар мусодира шуда буд.

XS
SM
MD
LG