Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон пардохти андоз аз арзиши изофа барои ҳосили имсолаи пахтаро бекор кард



Мирзои Салимпур

Татбиқи фармони ҷадиди раёсатҷумҳурӣ таҳрири матни буҷаи кишварро барои соли ҷорӣ талаб мекунад, чунки қисми дахли буҷа дар пайи иҷрои ин фармон ба таври назаррас тағйир хоҳад хӯрд.



Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон пардохти андоз аз арзиши изофаи ҳосили имсолаи пахтаро барои хоҷагиҳои пахтакори кишвар бекор кард. Тибқи ҳамин фармон, андози даҳфоиза барои содироти нахи пахта то охири соли равон бетағйир боқӣ мемонад. Сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон Зафар Саидов гуфт, татбиқи фармони ҷадиди раёсатҷумҳурӣ таҳрири матни буҷаи кишварро барои соли ҷорӣ талаб мекунад, чунки қисми дахли буҷа дар пайи иҷрои ин фармон ба таври назаррас тағйир хоҳад хӯрд.

Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 79 милён доллар кӯмакҳои башарӣ гирифтааст. Ҷамъи кӯмакҳои башарӣ дар ин муддат беш аз 122 000 тонна ҳисоб шудааст, ки 95 000 тоннааш орд ва 3800 тоннаи он равғани растанӣ будааст. Ба иттилоъи кумитаи омори Тоҷикистон, бахши аъзами кӯмакҳои башарӣ барои ин кишвар аз Олмону Ҳинд, Латвияву Русия ва Ийолоти Муттаҳида расидаанд.

Маҷмӯъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои муштарулманофеъ дар зарфи 8 моҳи аввали сол ҳудуди 11 дар сад коҳиш ёфт. Ва он ҳам дар ҳоле ки тиҷорати Душанбе бо соъири кишварҳои ҷаҳон дар ин муддат ба 20 дар сад афзудааст. Аммо бо ин вуҷуд, дар 8 моҳи аввали сол Тоҷикистон 52 дар сади содироту воридоташро ба маблағи тақрибан 500 милён доллар маҳз бо кишварҳои муштаракулманофеъ анҷом дод. Ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар зарфи ин муддат ба ҳудуди 1 миллиард доллар баробар шудааст. Русия, Ҳолланд, Латвия, Швейцария ва Ерону Туркия ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистонанд.

XS
SM
MD
LG