Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 53 килограмм ҳероин мусодира шуд



Саид Сабоҳ





Сухангӯи марзбонии Русия дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа хабар дод, ки дар як бархӯрд дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ду қочоқбари маводи мухаддирро ҳалок ва 53 килограмм ҳероинро мусодира карданд. Сухагӯи нерӯҳои марзбонии Русия изҳор дошт, дар ин ҳодиса, ки панҷшанбе шаб сурат гирифт, як посбони Русия захмӣ шуд. Тибқи баёноти марзбонони Русия ва Тоҷикистон дар соли ҷорӣ онҳо 39 қочоқбари маводи мухадираро дар сарҳадоти Тоҷикистон ва Афғонистон кушта, сеюним тонн ҳероин ва дигар навъҳои маводи мухадираро боздошт кардаанд.





XS
SM
MD
LG