Пайвандҳои дастрасӣ

Суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дар Маҷмаъи умумии Милали Муттаҳид



Салими Аюбзод

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дар суханронии худ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, тасмимгириҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои умда ба сарнавишти кишварҳои хурд таъсири амиқ дошта бошанд ҳам, аксаран бе дарназардошти чунин таъсир гирифта мешаванд. Ва бо вуҷуди ин ки сиёсати ҷаҳонӣ нақши минтақаҳоро баланд бурдааст, дар ҳалли мушкили ин минтақаҳо кӯшиши ҷиддӣ ба кор бурда намешавад.

Ҷаноби Назаров аз номи кишваре ҳарф зад, ки баъди ҷанги хонумонсӯз ба созгорӣ ва тааммули ақидаи мухолиф расидааст: "Панҷ сол мешавад, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот ҳукмфармост. Эҳтироми таъриху суннати худ, созгорӣ бо андешаву ақидаҳои гуногун дар ҷомеъа, ҳурмати ҳуқуқи инсон, ягонагии манфиатҳои миллӣ--инҳоянд рукнҳои раванди сулҳ, ки сабақҳои он метавонанд дар ҳалли низоъҳои дигари ҷаҳон кӯмак кунанд." Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин замина саҳми ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳидро ҳалкунанда номида, даъват кард, ки кишварҳои узв нақши марказии Созмони Милал ва Шӯрои Амниятро дар ҳалли масъалаҳои бӯҳронии дунё ҳифз кунанд ва тақвият диҳанд. Дар айни ҳол ҷаноби Назаров ба ислоҳи сохтори Милали Муттаҳид ва афзойиши нақши кишварҳои хурд дар он ишора кард. Вале боз ҳам таъкид намуд, ки набояд ягон мушкили байнулмилал бе сарпарастӣ ва ширкати густардаи Созмони Милал ҳал шавад. Ҷаноби Назаров гуфт, Тоҷикистон яке аз он кишварҳост, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии онҳо аз бисёр ҷиҳат ба тасмимгириҳои куллии ҷомеъаи байнулмилал дар мубориза бо қашшоқӣ, кӯмаки молӣ дар роҳи пешрафт, таъмини низоми баробарҳуқуқи тиҷоратӣ, ҳалли мушкилҳои зистмуҳитӣ ва демографӣ бастагӣ дорад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, профессори иқтисодшиносӣ, Талбак Назаров дар робита ба раванди ҷаҳонӣ шудани иқтисодиёт аз як навъ "табъиз дар равобити иқтисодӣ" сухан гуфта, афзуд, бояд рукни иҷтимоии ҷаҳонӣ шудани иқтисодиёт тақвият бинад, вагарана, дар ҳолӣ ҳозиро аз ин раванд кишварҳои сарватманд боз ҳам сарватмандтар мешаванд ва беновоён боз ҳам бенавотар. Дар чунин ҳолат, гуфт, ҷаноби Назаров рушди босубот, ки нишастҳои ахири Милали Муттаҳид ба он бахшида шуданд, мушкил ва ё ҳатто номумкин буда метавонад. Ҳамаи нотиқони Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз терроризми байнулмилал ва зарурати муборизаи муштарак бар зидди он ҳарф мезананд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров низ истисно набуд ва гуфт, кишвараш худро узви эътилофи байнулмилал мешуморад: "Тоҷикистон дар кори умумии таъмини якпорчагии режими байнулмилалии ҳуқуқии мубориза бо терроризм фаъолона ширкат меварзад. Мо дар аксари мутлақи ниҳодҳои зидди ваҳшатафканӣ узвият дорем. Мо аз фаъолияти Шӯрои Амният дар ин самт ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем." Дар айни замон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров пешниҳод кард, ки дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ як эътилофи густардаи кишварҳо таъсис ёбад. Вай гуфт, бе ин мубориза пирӯзӣ бар терроризми байнулмилал номукаммал хоҳад буд. Дар поёни сӯҳбаташ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали муттаҳид дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба вазъият дар Афғонистон ишора кард: "Имрӯз дар Афғонистони ба мо дӯст ва ҳамсоя раванди мураккаби мусолиҳаи миллӣ, ташаккули ниҳодҳои устувори қудрати давлатӣ ва низоми босуботи сиёсӣ идома дорад. Эҳёи Афғонистон мустақил ва осуда дар шароити мушкил сурат мегирад. Ҳанӯз ҳам масъалаи таъмини амният ҷиддӣ мебошад. Вазъи башарӣ ташвишовар аст. Аммо ончи ҳукумати Ҳомид Карзай дар муддати кӯтоҳ анҷом дод, ҷолиб аст. Муҳим ин аст, ки Созмони Милали Муттаҳид нақши ҳамоҳангсози кӯшишҳои ҷомеъаи ҷаҳониро дар эҳёи баъдиҷангии Афғонистон идома диҳад, сарчашмаҳои терроризм, тундравии динӣ ва маводи мухаддир дар қаламрави он пурра мавҳ карда шаванд." Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дар суханронии худ муносибати кишварашро ба бӯҳрони пиромуни Ироқ матраҳ накарда бошад ҳам, таъкиди ӯ ба нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ мавқеъи Душанберо бо аксари кишварҳои шӯравии собиқ ва Маскаву Пекин ҳамсадо ҷилва дод.

XS
SM
MD
LG