Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ФИФА тими миллии Тоҷикистонро дар зинаи 159-уми феҳрасташ ҷойгузин кард



Тоҳири Сафар





Тоҷикистон дар феҳрасти Иттиҳодияи ҷаҳонии федератсияҳои футбол ё ФИФА се зина поин рафта дар зинаи 159 қарор гирифт. Дар феҳрасти пешини моҳи гузашта, тими миллии Тоҷикистон пас аз 13 кишвари собиқ Иттиҳоди шӯравӣ зинаи 156-умро касб карда буд. Дар феҳрасти навбатӣ Қирғизистон баъди Тоҷикистон, дар мавқеи 167-ум қарор гирифтааст. Дар рӯйхати ФИФА, ки рӯзи чоршанбе дар шаҳри Сюрихи Швейцария интишор шуд, ғолиби мусобиқоти ҷаҳони футболи соли 2002 - Бразилия дар зинаи аввал аст. Фаронса ва Испания зинаи дуввумро бо ҳам дидаанд.

XS
SM
MD
LG