Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши солонаи созмони байналмилалии "Ташаббуси байналмилалии манъи истифодаи минаҳо" мегӯяд Ӯзбакистон то моҳи марти соли 2002 минакории марзашро бо Тоҷикистон идома медод



Хоҷа Мирзода

Ташабуси Байналмилалии манъи минаҳо бо такя ба гузориши Департаменти Давлатии ИМА навиштааст, ки баъзе майдонҳои минаи Узбакистон дар дохили қаламрави Тоҷикистон ҷойгир мебошанд ва аксарияти ин майдонҳо ҳеҷ ҳушдоре ва ё огаҳие оиди хатар надоранд.

Дар ҳоле ки 61 кишвари олам бо ҳусни ният ба Созиши саросарии манъи истифодаи минаҳо, беш аз 34 миллион минаи зиддиафродро маҳв намудаанд, дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ҳамоно бар асари қадамгузорӣ болои майдонҳои минаи Узбакистон мардуми осоиштаву чорво ба ҳалокат мерасад. Дар гузориши солонаи созмони байналмилалӣ бо номи "Ташаббуси Байналмилалии Манъи Минаҳо", ки рӯзи душанбе дар шаҳри Женева интишор гашт, омадааст, ки Узбакистон минагузории марз бо Тоҷикистонро дар соли 2000-ум оғоз намуда, ҳадди ақалл то моҳи марти соли 2002-ум ин корро идома медод. Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад: Дар моҳи маи соли 2001-ум 70 фоизи марзи Тоҷикистону Узбакистон минакорӣ шуда буд. Майдонҳои мина дар марзи ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Ашт, Панҷакент, Шаҳристон ва Нови вилояти Суғд ва ноҳияи Турсунзодаи тобеи марказ мушоҳида гардидаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар баъзе минтақаҳо марзбонони узбак майдонҳои минаро дар 500 метрии дохили хоки Тоҷикистон насб намудаанд. Аммо вазорати мудофиаи Узбакистон ин иттилоъро рад намуда, таъкид мекунад, ки дар наздикиҳои майдонҳо аломатҳои ҳушдордиҳанда ҷойгир карда шудаанд. Ташабуси Байналмилалии манъи минаҳо бо такя ба гузориши Департаменти Давлатии ИМА навиштааст, ки баъзе майдонҳои минаи Узбакистон дар дохили қаламрави Тоҷикистон ҷойгир мебошанд ва аксарияти ин майдонҳо ҳеҷ ҳушдоре ва ё огаҳие оиди хатар надоранд. Дар гузориш омадааст, ки теъдоди қурбониҳо аз минаҳои Узбакистон беш аз 50 нафар буда, ин рақам ҳоло ҳам рӯ ба афзоиш дорад. Аз ҳамоҳангсози созмони ташаббуси Байналмилалии манъи Минаҳо хонум Мерӣ Вейриҳам пурсидам: Майдонҳои минаи Узбакистон ҳар сол ҳаёти даҳҳо сокини осоиштаи ин кишварро аз байн бурда, даҳҳо каси дигарро маҷрӯҳу маъйуб месозанд. Оё созмони Шумо ягон иқдоме андешидааст, ки куштори мардуми бегуноҳ хотима ёбад? "Албатта дар робита бо майдонҳои мина мо Узбакистонро ташвиқ мекунем, ки минагузориро хотима бахшида, майдонҳои мавҷударо маҳв намояд. Ҳамчунин мо даъват мекунем, ки ин кишвар ба мардуми маҷрӯҳшуда кумак расонад. Аммо ин ҷо фарқе мавҷуд аст. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созиши Байналмилалии Манъи мина мебошаду, Узбакистон не. Аз ин рӯ, дар баробари даъвати маҳви майдонҳои минаву худдорӣ аз ташкили майдонҳои нав ва кумак ба осебдидагон, мо аз Узбакистон даъват мекунем, ки ба ин "Созиш" ҳамроҳ шавад. Дар мулоқоте, ки ҳафтаи равон дар Женева баргузор мегардад, мо ин масъаларо матраҳ хоҳем кард. Мо аз кишварҳои иштироккунанда хоҳиш мекунем, то онҳо аз тамоми кишварҳои олам манъи истифодаи минаҳои зидди афродро талаб намоянд. Мо бо роҳҳои дигар низ кишварҳоро ба худдории фаврӣ аз истифодаи минаҳо ташвиқ мекунем. Мо аз минагузории марзи Узбакистону Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Узбакистон, ки дар солҳои 2000- 2001-ум ба вуқӯъ пайвастааст, дар ташвиш ҳастем."

Дар идомаи гузориши Созмони байналмилалии "Ташаббуси Байналмилалии манъи минаҳои зидди афрод гуфта мешавад: Тибқи ҳуҷҷатҳои СММ Тоҷикистон Созиши Манъи Минаҳо аз 12 октябри соли 1999-умро имзо карда бошад ҳам, возеҳ нест, ки кишвар худро узви ин паймон мешуморад ё не? Аз Мерӣ Вейриҳам хоҳиш мекунам, ки ин бахши гузоришро ба шунавандагони РО ташреҳ диҳад?

"Тоҷикистон ба созиш мувофиқ аст. Ин маънои онро дорад, ки президенти Тоҷикистон ҳамроҳшавӣ ба Созишро тасдиқ кард ва ин ҳуҷҷат 12 октябри соли 1999 ба СММ таслим шуд. Аз ин рӯ, ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро узви комилҳуқуқи созиши манъи минаҳо мешуморад. Аз он вақт ба ин ҷониб Тоҷикистон дар ягон мулоқоти байналмилалӣ бахшида ба манъи минаҳо ширкат наварзид. Аз ҷумла дар мулоқоте, ки ҳафтаи равон дар Женева баргузор мегардад, то ҷое маълум аст, Тоҷикистон иштирок нахоҳад кард. Ҳамчунин Тоҷикистон дар бораи иқдомҳои маҳвсозии захираҳои минаҳои зидди афрод, тавре ки созиш талаб мекунад, нашр накардааст. Ёдовар мешавам, ки ҳар кишвари узви созиш бояд то охири соли оянда захираи минаҳояшро маҳв намояд. Хуллас, ин аст суолҳое, ки мо аз мақомоти Тоҷикистон пурсидан мехоҳем. Дар ҳар сурат мо умедворем, ки ҳайати Тоҷикистон ҳафтаи равон ба Женева меояд ва мо посухи ин пурсишҳоро аз намояндагони ин кишвар пайдо мекунем."

Мерӣ Вейриҳам ҳамоҳангсози созмони "Ташаббуси Байналмилалии манъи Минаҳои зиддиафрод. Нуктаи аҷиби гузориш ин аст, ки вазорати умури хориҷии Қирғизистон изҳори ақида кардааст, ки Тоҷикистон аз узвият дар Эъломияи Оттава, яъне Созиши Байналмилалии манъи минаҳои зиддиафрод сарфи назар мекунад, зеро аз як тараф, қудрати иҷрои созишро надорад ва аз сӯи дигар, аз байн бурдани майдонҳои мина амнияти Тоҷикистонро бо хатар мувоҷеҳ мекунанд. Дар гузориши Ташаббуси Байналмилалии Манъи минаҳои зиддиафрод омадааст: Моҳи августи соли 2001-ум Русия тасдиқ кард, ки бо ризоияти мақомоти Тоҷикистон дар манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон майдонҳои минаи зиддиафрод бунёд намудааст. Ҳамин тариқ майдонҳои минаи зиддиафрод вуҷуд доранд ва хатари рӯзмарраи қурбониҳои ҷадид доимист. Дар чунин ҳол Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ стратегияи ҷилавгириву таълими хатари майдонҳои минаро танзим намуда, қабл аз ҳама роҳи хабардор намудани аҳолии манотиқи марзиро пеш гирифтанд. Дар айни замон Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон панҷ муассисаи назди марзиро бо давову дармон таъмин карда, табобати камаш 35 шахси осебдидаро дар ин бемористонҳо зери сарпарастӣ гирифт. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон мардуми бар асари минаҳо маъйубгардида, ҳаққи гирифтани нафақаро касб мекунанд.

XS
SM
MD
LG