Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз сарнагунии Толибон суд мебарад



Гулбаҳори Муродӣ

Хабаргузории Франс Пресс: "Тоҷикистон аз сарнагунии Толибон дар Афғонистон, аз эътидоли сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва густариши муносибот бо кишварҳои Ғарб бархӯрдор аст."

Хабаргузории Франс Пресс аз Душанбе гузориш медиҳад, наздик ба яксол аст, ки Тоҷикистон аз сарнагунии Толибон дар Афғонистон аз эътидоли сиёсӣ, рушди иқтисоди ва густариши муносибот бо кишварҳои Ғарб бархурдор аст. Фуруравии Ал-қоида ва Толибон пеш аз ҳама таҳдиди исломиёни ифротгароро дар Тоҷикистон коҳиш дод" гуфтааст дар сӯҳбат ба хабаргузории Франс Пресс Игор Сатторов сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Таҳкими оромӣ дар минтақа ба ҳукумат имкон медиҳад, ки ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ диққати бештар дода, сармоягузории хориҷиро ба кишвар ҷалб намояд, илова кардааст Игор Сатторов. Барқарории эътимод дар айни ҳол натиҷаи ҳузури нируҳои ғарбӣ дар кишвар аст. Иёлоти Муттаҳида Осиёи Марказиро барои худ кашф кард, гуфтааст коршиноси сиёсӣ Суҳроб Шарипов ба Франс Пресс ва афзудааст, ҳарчанд онҳо аз ҳузури кутоҳмуддати нируҳои худ дар ин ҷо ҳарф мезананд, аммо муддати тулонитаре дар ин ҷо хоҳанд монд. Аз моҳи феврал Тоҷикистон узви барномаи "Ҳамкорӣ барои сулҳ"-и НАТО шуд. Британия, Фаронса ва Япония сафоратхонаҳои хешро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ карданд. Ва сарбозони Фаронсаву Иёлоти Муттаҳида дар ин шаҳр мустақаранд. Эътилофи зидди террор фурудгоҳи Душанбе ва Кулобро барои парвозҳо ба дохили Афғонистон истифода мекунад. "Акнун Руссия ягона қудрати стратегии дарозмуддат дар минтақа ба шумор намеравад", гуфтааст Суҳроб Шарипов ба хабаргузории Франс Пресс. Ҳарчанд то ҳанӯз 20 ҳазор сарбози Руссия дар Тоҷикистон ҳузур дорад, мегуяд Франс Пресс Душанбе бе тирагии муносибот бо Москов равобити худро бо Ғарб густариш медиҳад. Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ интиқодҳои Ғарб дар мавриди поймолшавии ҳуқуқи башар ва озодии матбуот кам шудааст ва дар ин соҳаҳо пешрафти ба гуфтаи агентӣ "воқеӣ" ба чашм мехӯрад. Тоҷикон акнун барои кишварро тарк кардан, ниёз ба виза надоранд. Дар кишвар се радиои мустақил вуҷуд дорад ва вазорати додгустарӣ идораи зиндонҳоро аз полиси кишвар ба зиммаи худ гирифтааст. Иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2002-ум 8 дар сад рушд кард. Ин кишвар бо Ҳизби наҳзати исломӣ, мухолифи мусаллаҳ дар ҷанги шаҳрванди, ки дар байни солҳои 1992 ва 1997 кишварро ба харобӣ оварда буд, тавафуқномаи сулҳу оштӣ баст. Чизе ки то ҳанӯз дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст, ин интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон аст. Марзбонони Руссия, ки дар марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон мустақаранд, шикоят кардаанд, ки пас аз тағири ҳукумат дар Кобул вазъ дар ин самт чандон беҳ нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон соли равон се тонна маводи мухаддир, аз ҷумла ду тонна ҳероинро мусодира карданд ва сарҳадбонон 32 қочоқчии афғонро барои кушиши убур аз марз ба қатл расонданд, мегӯяд хабаргузории Франс Пресс дар гузориши худ ва меафзояд: Бо вуҷуди боздоштҳои соли гузашта, ифротгароёни исломии Ҳизб-ут-таҳрир ва Ҳаракати Исломии Узбакистон ҳанӯз дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд.







XS
SM
MD
LG