Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беҳбуди нисбии вазъи мактабҳои Тоҷикистон бо кӯмаки созмонҳои байнулмилал



Салими Аюбзод

Дар мактабҳои Тоҷикистон соли нави таҳсилро бо рӯҳбаландӣ пешвоз гирифтанд, зеро бо вуҷуди мушкилиҳо, имсол барои нахустин бор имкон шуд, мактабҳои таълими ҳамагониро қисман бо маводи таълимӣ таъмин кард.



Як қатор мактабҳо нақшаҳои ҷуғрофиёӣ, глобусҳо, маводи таҷрибавии кимиёӣ гирифтанд. Ба як қатор мактабҳо дар навоҳии дурдасти кӯҳистон аввалин бор дафтару қалам ва сумкаҳои мактабӣ тақсим карда шуд. Ҳанӯз ду моҳ пеш аз ин расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳукумати худ дархост кард, ҳамаи мактабҳои Тоҷикистонро бо компютер таъмин кунад ва ин ташаббус дар бархе аз мактабҳо амалӣ гардид. Мушкиле ки беш аз ҳама сарони макотиб ва омӯзгоронро дар ташвиш нигаҳ медошт, тармиму бозсохти бинои таълимгоҳҳо буд, ки имсол бо кӯмаки ниҳодҳои мададрасони байнулмилал ва волидону созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон амалӣ гашт. Дар чанд ноҳия мардум аз фаъолияти қобили таваҷҷӯҳи созмони Наҷоти кӯдак дар ин ришта изҳори сипос мекунанд. Агар биноҳои фурӯрафтаи мактабҳоро мешавад бо чунин кӯмакҳо дубора бунёд кард, бохти дигари мактабҳои Тоҷикистон гумон аст, ба ин зудӣ бозгардонида шавад, ки ин тарки омӯзгорӣ кардани садҳо нафар аз муаллимон мебошад. Онҳо ба иллати камии даромади молии ин касб ва номуназзамии гирифтани музди кор худро ба тиҷорат ва ё мардикорӣ задаанд. Яке аз шунавандагони мо дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, агар ба омӯзгорон музди муносиб пардохта шавад, ҳамаи онҳое ки рафтанд, боз хоҳанд гашт. Ду муаллимаи тоҷик аз шаҳри Панҷакент ба барномаи Микрофони Озоди мо гуфтанд, музди кори муаллимӣ ягона даромади молии онҳост. Ин дастмузд бисёр кам аст, вале он ҳам дар вақташ ба дасти онҳо намерасад. Бо вуҷуди кампулӣ омӯзгороне низ зиёданд, ки аз пули худ барои шогирдонашон дафтару қалам ва ҳатто пойафзол мехаранд, синфро бо нақшаву лавҳаҳои таълимӣ оро медиҳанд. Онҳо мегӯянд, дидани кӯдакони гурусна ва ё пояшон урён бисёр сахт аст, аммо бадтар он аст, ки бо ҳамин иллатҳо бачаҳо ба мактаб наоянд ва бесавод монанд. Гумони ғолиб ин аст, ки бо назардошти вазъи куллии бӯҳронии кишвар омӯзгорон низ тарзи таълим ва барномаи онро нармтар кардаанд. Аммо Заррина Бону, шунавандаи мо аз Бадахшон мегӯяд, сатҳи таълим ва дониши кӯдакон ҳамон монанди солҳои пеш аст. Имсол, ба маълумоти вазорати морифи Тоҷикистон 180 ҳазор кӯдаки тоҷик барои аввалин бор паси партаи мактаб мешинанд ва ба сафи якуним миллион шогирди мактаби ҳамагонии кишвар пайванд мегиранд. Кормандони вазорат бар ин ақидаанд, ки имсол мактабҳо аз машаққати камбуди китобу дастури таълимӣ озод хоҳанд буд, зеро 52 номгӯй китоби дарсӣ дар худи кишвар ва берун аз он ба нашр расидааст. Дар ин ришта низ созмонҳои байнулмилал, аз ҷумла Банки осиёии рушд, Банки Ҷаҳонӣ ва Банки Исломӣ ба Тоҷикистон ёрӣ расонданд. Ончи ҳанӯз ба ҳайси як мушкил боқӣ мемонад, бознависии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо хориҷ кардани сояҳои идеолоҷӣ аз онҳост, ки на дар ҳамаи мавридҳо амалӣ шудааст. Бар иловаи кӯмаки созмонҳои байнулмилал, худи мактабҳо ахиран пой бар ҷодаи худкифоӣ ниҳодаанд ва бо таъсиси литсею гимназияҳои пулакӣ кӯшиш мекунанд, он холигоҳеро, ки аз сармоягузории ночизи будиҷаи давлат ба миён меояд, пур кунанд ва аксаран чунин кӯшишҳо бобарор шумурда мешаванд. Пас соли нави таҳсилро метавон соли нисбатан беҳтаре номид барои булбулакони боғи дониш.

XS
SM
MD
LG