Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАСИС дубора дар Тоҷикистон ба фаъолият мепардозад



Тоҳири Сафар



Барномаи кӯмаки техникии Комиссияи Аврупо, бо номи ТАСИС дар Тоҷикистон дубора ба фаъолият мепардозад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 29 август намояндаи Комиссияи Аврупо Пйер Пол Антуниссенс зимни мулоқоташ бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров иттилоъ дод. Ӯ гуфт соли равон комиссияи мазкур барои рушди кишварҳои Осиёи марказӣ кӯмаки бузурги молӣ пешбинӣ кардааст, ки қисме аз он барои таҳия ва раҳандозии барномаҳои рушди бахши энержӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаи нақлиёти Тоҷикистон масраф хоҳад шуд. Ҳамчунин дар назар аст, як идда барномаҳо ҷиҳати коҳиши фақр дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон, вуруди ин кишвар ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат раҳандозӣ шаванд. Фаъолияти ТАСИС соли 1998 баъди кушта шудани як корманди ин созмон дар Душанбе муттавақиф шуда буд.



XS
SM
MD
LG