Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олӣ як мусаллаҳи собиқ оппозисюни тоҷикро ба қатл маҳкум кард



Абдуқаюми Қаюмзод

Тибқи хабарҳои расида ҳар се аз ҷумлаи мусаллаҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буда, айбномаи онҳо ба рӯйдодҳои соли 2000-ум дахл дорад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон шаҳрванд Умедҷон Давлатовро бо иттиҳоми куштори чандин нафар дар манотиқи шарқии кишвар ба қатл маҳкум кард. Дар ҳамин муҳокима инчунин ду шарики ӯ Маъруф Ёров ва Муҳибҷон Ҷафраков то бист сол зиндонӣ шуданд. Тибқи хабарҳои расида ҳар се аз ҷумлаи мусаллаҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буда, айбномаи онҳо ба рӯйдодҳои соли 2000-ум, аз ҷумла қатли ҳокими ноҳияи Ғарм Сироҷиддин Давлатов дахл дорад.

XS
SM
MD
LG