Пайвандҳои дастрасӣ

120 паноҳандаи тоҷик аз Покистон ба ватан баргашт



Мирзои Салимпур

Паноҳандагони тоҷик аз Покистон ба ватан бозгаштанд.

Рӯзи сешанбе 120 паноҳандаи тоҷик тавассути як ҳавопаймои ширкати ҳавоии Тоҷикистон аз шаҳри Карочии Покистон ба ватан баргаштанд. Манобеъи интизомии Душанбе мегӯянд, ҳамагии онҳо, ки донишҷӯёни мадрасаҳои исломии Покистон буданд, баъди бозгашт барои ташхиси ҳайсият ба як полоишгоҳи амниятӣ интиқол дода шуданд. Аз оғози сол бо мусоидати Кумисарияи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират беш аз 300 паноҳандаи тоҷик аз Покистон ба Тоҷикистон баргаштааст. Тибқи омори расмӣ, то ҳол ҳудуди 500 нафар аз паноҳандагони тоҷик дар Покистон боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG