Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи марказӣ баъди 11-уми сентябр



Салими Аюбзод

Заминаҳои коҳиши таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба Осиёи Марказӣ

Хулосаи куллӣ аз тағйири вазъи геополитикӣ ва обуҳавои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ баъди ёздаҳуми сентябри соли гузашта ин аст, ки як муддати кӯтоҳ кишварҳои минтақа дар маркази таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифтанд, аммо тадриҷан ин таваҷҷӯҳ коҳиш ёфт ва чандон кӯмаки ҷиддии иқтисодию молиявӣ низ насиби онҳо нагардид. Аммо ба назари аксари шореҳон ин танҳо зоҳири масъала аст. Мария Брилл Олкотт аз Бунёди Карнегӣ дар Вашингтон менависад, дастикам ду савол дар миён буд, ки оё фишори Ғарб ба режимҳои Осиёи Марказӣ коҳиш хоҳад ёфт ва дуюм, оё ин кишварҳо ҳамоно дар ҷодаи ислоҳоти демократӣ пеш хоҳанд рафт. Посухи муаллиф ба ҳарду савол мусбат аст. Ба вижа дар масъалаи дуюм, вай чанд пешрафти хурду бузурги демократии минтақаро ёдрас мекунад. Чунончи, дар Ӯзбакистон сабти номшудани як созмони ҳуқуқи башар, ҷазо гирифтани кормандони полис барои шиканҷа, ваъдаҳои конвертатсияи озоди арз ва аз байн бурдани сензура. Инчунин ваъдаи садоқат ба волоияти қонун ва баргузории интихобот ба парламенти дупалатаӣ дар соли 2004. Аммо дар айни замон президент Каримов дар як назархоҳӣ мӯҳлати ҳокимияти худро то соли 2007-ум дароз кард. Мария Олкотт афзойиши таъқиби исломгароён дар Ӯзбакистону Тоҷикистон ва заъфи равандҳои демократиро дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамчун омилҳои таҳдидомез тафсир мекунад ва бо бовари том мегӯяд, ақидаҳои ин ки халқҳои Осиёи Марказӣ ба демократия ба ҳадди зарурӣ омода нестанд, нодурусту нажодпарастона мебошанд. Бархе аз коршиносон лағви парвандаи ҷиноии журналисти мухолиф Додоҷони Атовулло, таҳқиқи дубораи қатли журналистон, иҷозаи фаъолияти радиои мустақили Азия-Плюс, барҳам хӯрдани раводиди хурӯҷ ва ин қабил рӯйдодҳои ахири Тоҷикистон натиҷаи таъсири мусбати ҳузури Ғарб дар минтақа ва афзойиши ҳамкориҳои ҷомеъаи байнулмилал бо Душанбе меноманд. Вале дар айни замон фишор ба исломгароён қувват мегирад ва дар мавриди тарафдорони Ҳизби Таҳрир бархӯрди Тоҷикистон шабеҳ ба Ӯзбакистон аст. Дар баъзе давлатҳои минтақа, монанди Қирғизистон ва Туркманистон як ҳолати шӯридагӣ чӣ дар сатҳи олӣ ва чӣ дар сатҳи поён ба мушоҳида мерасад. Дар ҳоле ки раҳбари Туркманистон барои ҳифзи ҳокимияти худ сари чанд вақт аъзои ин ҳукуматро иваз менамояд, дар Қирғизистон эътирозҳои маҳаллӣ сабаби истеъфои ҳукумат гардиданд, вале талаби итеъфои президент Оқоев ҳамоно боқист. Шореҳони авзоъи Осиёи Марказӣ иқрор мекунанд, ки бо вуҷуди чунин силсилабандиҳо, рӯйдодҳои ахири минтақа метавонанд сабабҳои гуногун дошта бошанд. Аммо ончи ҳамаи ин омилҳоро ба ҳаракат овардааст, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ин давлатҳост. Ислоҳоти иқтисодӣ ба зиндагии одамон таъсири мухталиф гузошт. Як қисми кам соҳиби имкониятҳои беҳудуди молиявӣ гардид, вале аксари кулли аҳолӣ ба сахтиҳо рӯбарӯ шуд. Даҳҳо ҳазор нафар ватани худро тарк мекунад, то ноне ба даст орад. Дар дохили кишварҳо ришвату фасод имконияти соҳибкориро маҳдуд ва соҳибкорони маҳаллиро дилсард менамояд. Умуман шавқи аҳолӣ ба умури давлату кишвари худ ва ояндаи он аз байн меравад. Дар ҳоле ки охирин умеди норозиён ба фишори ҷомеъаи ҷаҳонӣ бастагӣ ёфта буд, дар ивази ҳамкорӣ бо Эътилофи ҷаҳонии зидди террор, режимҳои минтақа аз ин ҷомеъа таҳаммули одатҳои давлатдории хоси худро тақозо мекунанд. Мария Олкотт менависад, дар чунин ҳолат фурӯпошии давлатдорӣ аз эҳтимол дур нест, зеро таърих чунин намунаҳоро дидааст. Аз сӯйи дигар ҷамъ шудани сармоя метавонад, гурӯҳҳои наверо ташнаи қудрат гардонад, ки аз чунин авзоъ сӯйистифода намоянд. Барои пешгирӣ аз фалокати иҷтимоӣ ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, ба ақидаи ин коршинос, бояд фазои сиёсиро дар мамолики худ фарохтар кунанд ва доираҳои васеъи аҳолиро ба умури кишвар ҷалб намуда, бо кӯмаки онҳо фишори вазъиятро ба шаҳрвандон коҳиш диҳанд. Яъне сӯҳбат, мегӯяд Мария Олкотт, бозмегардад бар сари сохтмони ҷамъияти озод ва қавии шаҳрвандӣ.

XS
SM
MD
LG