Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон ба сокинони навоҳии марзии кишвар ҳушдор дод



Нурмуҳаммади Холзода



Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сокинони навоҳии марзии кишвар ҳушдор додааст, ки агар аз деҳе як кас дар қочоқи маводи мухаддир даст дошта бошад, ҳамаи сокинони деҳ ба манотиқи дигар куч дода мешаванд. Мақомоти низомӣ мегуянд, ҳудуди якҳазор нафар дар манотиқи ҷанубии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз мебошад, ба қочоқи маводи мухаддир ҷалб шудаанд. Тоҷикистон бо ин кишвари тавлидкунандаи аслии маводи мухаддир як ҳазору дусад километр марз дорад. Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон 3-тон маводро дастгир ва 35 қочоқчиро боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG