Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Ҳиндустон дар Душанбе



Мирзонабии Холиқзод



Дар шаҳри Душанбе намоиши молҳои санъатии Ҳиндустон оғоз ба кор кардааст. Агар дар тӯли соли гузашта тиҷорати байни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамагӣ 1 милён доллар буд, дар шаш моҳи аввали соли равон он ба 17 милён доллар баробар шуд. Ва дар як ҳафтаи пеш ҳукумати Деҳлӣ аз иттихози як маблағи 5-милёндолларии кӯмак барои ҳукумати Тоҷикистон дарак додааст. Ҳадаф аз баргузории намоиши молҳои саноатии Ҳинд дар пойтахти Тоҷикистон низ ба ақидаи муассисинаш пайдо кардани имконоти ҷадид барои тавсиаи мизони мавҷудаи ҳамкориҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG