Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 50 нафар дар Тоҷикистон ба бемории сиёҳзахм мубтало шудааст



Гулбаҳори Муродӣ

Мақомот мегӯянд, ин беморӣ ҳангоми куштани чорво барои гӯшташ дар миёни мардум паҳн шудааст.

Мақомоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз оғози соли равон дар қисмати ҷанубии кишвар қариб 50 нафар ба бемории сиёҳзахм гирифтор шудааст. Мақомот мегӯянд, ин беморӣ аз гушти чорво дар миёни мардум паҳн шудааст. Гуфта мешавад, деҳқонони тоҷик, ки дар фақру бенавоӣ ба сар мебаранд тавони ваксина ё эм кардани гусфанҳои худро аз ин беморӣ надоранд.



XS
SM
MD
LG