Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон сокинони деҳаи офатзадаро ба Хатлон мекучонад



Тоҳири Сафар

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки сокинони деҳаи офатзадаи Дашти вилояти Бадахшони кӯҳиро дар ҷануби кишвар устони Хатлон манзил бидиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки сокинони деҳаи офатзадаи Дашти вилояти Бадахшони кӯҳиро дар ҷануби кишвар устони Хатлон манзил бидиҳад. Хабаргузории Интерфакси Русия бо такя ба департаменти иттилооти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон навиштааст, барқарории деҳаи мазкур имкон надорад ва аз ин сабаб ҳукумат дар яке аз навоҳии Хатлон барои бесарпаноҳмондагон хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунад. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони муасисаҳои байналмилалии хайрия аз онҳо дархост кард, ба осебдидагон кӯмак расонанд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи сарозер шудани кӯл ба деҳаи Дашт 24 нафар ба ҳалокат расида, 500 нафар бехонаву дар монданд.



XS
SM
MD
LG