Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи марзии Тоҷикистон бо 9 килугромм ҳероин дар Қирғизистон боздошт шуд



Нурмуҳаммади Холзода

мақомоти Кумитаи Марзбонии Тоҷикистон ин хабарро такзиб карданд.

Гуруҳи оперативии раёсати дохилаи вилояти Уши Қирғизистон фармондеҳи яке аз посгоҳҳои марзии Тоҷикистонро бо 9 килугромм ҳероин боздошт кард. Ин миқдор ҳероин дар мошине пайдо шуд, ки ронандагии онро ин фармондеҳ бар уҳда дошт. Сухангуи пулиси Қирғизистон гуфт, ки дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале аз ин фармондеҳ ном бурда намешавад. Аммо мақомоти Кумитаи Марзбонии Тоҷикистон ин хабарро такзиб карданд.

XS
SM
MD
LG