Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имдоди байналмилалӣ ба осебдидагони селоб дар Бадахшони Куҳӣ



Нурмуҳаммади Холзода

Бино ба хабарҳои расида аз Тоҷикистон, муассисаҳои имдоди байналмилалӣ ба осебдидагони селоб дар деҳоти Дашт ва Лангари Бадахшони Куҳӣ кумак мекунанд.

Бино ба хабарҳои расида аз Тоҷикистон, муассисаҳои имдоди байналмилалӣ ба осебдидагони селоб дар деҳоти Дашт ва Лангари Бадахшони Куҳӣ кумак мекунанд. Намояндагии Барномаи Хорбори Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе як корвони мошини кумакҳои ғазоиро барои 500 нафар сокини ин деҳот фиристод. Ин кумакҳо барои 30 руз дар назар гирифта шудааст. Валентин Готсинский-раҳбари намояндагии СММ барои ҳамоҳангии кумакҳои башарӣ мегуяд, ба маъракаи кумак ҳамчунин созмонҳои дигари байналмилалӣ, ба шумули Иттиҳоди ғайридавлатии Амрико барои масоили сартосарӣ, Сандуқи Кудакони СММ ва Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ҷалб мешаванд. Ба гуфтаи оқои Готсинский, то ҳол муассисаҳои имдод як ҳазору панҷсад пату, 92 хайма, 600 бастаи беҳдоштӣ ва соири лавозимоти зарурӣ ба сокинони деҳоти Дашт ва Лангар фиристодаанд. Талбак Назаров-вазири хориҷаи Тоҷикистон барои рафъи авоқиби ин офат аз Созмонҳои байналмилалӣ дархости кумак кардааст. Ҳамоҳангкунандаи кумакҳои байналмилалӣ ба Талбак Назаров гуфтааст, ки дар ду рузи оянда кумаки муассаисаҳои имдод афзоиш меёбад. Валентин Готсинский мегуяд, ба осебдидагон танҳо кумакҳои ғазоӣ кифоят намекунад. Бояд фикр кард, ки онҳо то замони сохтани хонаҳои нав ё таъмири хонаҳояшон дар куҷо зиндагӣ хоҳанд кард. Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури кишвар рузи ҷумъа аз маҳалли офат боздид ва бо хешовандони курбониён мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG