Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти канда шудани кӯл дар Роштқалъаи ба дуюним миллион доллар мерасад



Тоҳир Сафар

Офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа сабаби марги 24 нафар ба шумули шаш тифл шуд.



Вазорати ҳолатҳои фақуллодаи Тоҷикистон гуфт хисороте, ки дар натиҷаи канда шудани кӯл ба ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ расидааст, ба дуюним миллион доллар мерасад. Дар натиҷаи ин офат, ки деҳаҳои Дашт ва Лангари ин ноҳияро хароб кард, 24 нафар, бо шумули 6 кӯдак ҳалок шуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Бадахшон мегӯяд оби кӯли рахнашуда 75 манзили истиқоматӣ ва ду мактабро комилан вайрон кардааст. Чандин километр роҳҳои мошингард ва шабакаи нерӯи барқ низ осеб дидаанд. Комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии нахуствазири Тоҷикистон ба мавзеъи фоҷиа рафтааст, то ҳаҷми дақиқи хисороти расидаро муайян ва ба осебдидагон кӯмак кунад.

XS
SM
MD
LG